Hino do Tadjiquistão

Tradução


Hinos de Países

Compositor: Gulnazar Keldiy, Sulaymon Yudakov

Диёри арҷманди мо
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод
Зи дурии замонаҳо расидаем
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем
Зинда бош, эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!

Барои ному нанги мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ
Хазон намерасад ба навбаҳори ту
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту
Зинда бош, эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!

Ту модари ягонаӣ
Бақои ту бувад бақои хонадони мо
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо
Зи ту саодати абад насиби мост
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост
Зинда бош, эй Ватан
Тоҷикистони озоди ман!

©2003- 2026 lyrics.com.br · Aviso Legal · Política de Privacidade · Fale Conosco desenvolvido por Studio Sol Comunicação Digital